Додситонӣ барои муттаҳам дар даъват ба террор 12 соли зиндон талаб кард

Айдоркунандаи давлатӣ барои ҷавоне, ки дар даъват ба терроризм айбдор мешавад, 12 соли зиндон талаб кардааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 20 дек — Sputnik. Мақомоти тафтишотӣ мегӯянд, Юсуп Юсупов қасд доштааст, шиносҳояшро барои куштори кормандони пулис ва оташкушоӣ дар назди бинои Хадамоти федералии амният - ФСБ моил созад. Дар ин бора РИА "Новости" бо такя ба вакили дифои марди муттаҳам Михаил Невелов хабар додааст.
Манбаъ аз қавли тафтишот илова намуд, ки Юсупов ҳамчун тундгарои динӣ аз охири соли 2019 то аввали соли 2020 талош доштааст, ҳамшаҳрияш аз Доғистонро барои анҷоми амали террористӣ муътақид созад.
Дар хулосаи айбдорӣ омадааст, ки Юсупов ба шиносаш пешниҳод намудааст, ки корманди пулисро кушаду бо силоҳи гирифта аз ӯ дар пеши бинои ФСБ оташ кушояд. Ба ҳамсари шиносаш анҷоми ҳамлаи интиҳорӣ дар истгоҳи метрои "Киев"-и Маскавро пешниҳод кардааст.
Боздошти донишҷӯ дар Маскав барои ҷонибдорӣ аз ДИИШ*
Таъкид шудааст, ҷавоне, ки бояд ҳамлаҳоро анҷом медод, мавҷудияти ин нақшаҳоро эътироф карда, алайҳи Юсупов шоҳидӣ додааст.
"Айбдоркунандаи давлатӣ зимни мурофиаи додгоҳӣ барои зерҳимояам 12 соли зиндони низомаш шадидро талаб кардааст", - изҳор доштааст мусоҳиби хабаргузорӣ.
Худи Юсупов иттиҳоми алайҳаш эълоншударо рад мекунад. Эълони ҳукм дар додгоҳи низомии ҳавзаи ғарбӣ рӯзи 21-уми декабр дар назар аст.
Ин дар ҳолест, ки ахиран мақомоти амниятии Русия аз боздошти як ҷавони дигар аз Осиёи Марказӣ бо иттиҳоми терроризм хабар доданд.