Боздошти ҷавононе, ки дар таҳқири духтарони наврас дар Душанбе айбдор мешаванд

Мақомоти умури дохилии шаҳри Душанбе мегӯянд, мардоне, ки ба иддаои корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ дар латукӯби ду духтари наврас дар пойтахт, даст доранд, муайяну ба идораи милиса дастрас карда шуданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 20 дек — Sputnik. Афроде, ки аксашон рӯзи якшанбе дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуданду ба гуфтаи ноширон ду духтари наврасро маркази Душанбе латукӯб кардаанд, дар идораи милиса қарор доранд.
Дар ин бора Муҳсинҷон Муҳаммадӣ, сухангӯи раёсати умури дохилии шаҳри Душанбе хабар дода, афзуд, ки тафсилоти бештар баъди таҳқиқи ҳодиса ироа хоҳад шуд.
Боздошти директори ширкати сохтмонии БМВ-савор, ки ба духтарон пул нишон доду дашном кард
Маврид ба зикр аст, ки Шаҳноза Комилзода, рӯзноманигор ва фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ бо нашри акси чанд ҷавон, изҳор дошт, ки се нафар баъди зуҳри 19 декабр ду духтари 15-соларо, ки яке духтараш мебошад, дашному латукӯб кардаанд.
Таъкид шудааст, ки ҷавонон телефону сумкаи духтаронро гирифта, онҳоро таҳқир кардаанд.
Ба навиштаи Комилзода, таҳқири наврасон дар маркази шаҳри Душанбе аз назди бинои дармонгоҳи рақами 1 то назди идораи сабту раводид, мавсум ба "ОВИР" идома ёфтааст, вале касе аз роҳгузарон вокуниш нишон надодааст.
Назари худи муттаҳамон феълан дар бораи ин қазия маълум нест.
Мақомоти умури дохилии Душанбе мегӯянд, феълан таҳиқи ҳодиса идома дорад.