ДУШАНБЕ, 19 дек — Sputnik. Толибон имкони ҳамкорӣ бо ИМА дар арсаи низомиро истисно мекунад. Дар ин бора Абдусалом Ҳанафӣ, муовини раиси кобинаи муваққати ин кишвар хабар дод.
"Амрикоиҳо мебинанд, ки мардуми Афғонистон бо мушкилоти ҷиддии иқтисодӣ рӯ ба рӯ аст, аммо онҳо то ҳол ба муҳосираи захираҳои давлатии ин кишвар идома медиҳанд. Мо ҳеҷ гоҳ иҷоза намедиҳем, ки бо ин кишвар дар арсаи низомӣ ҳамкорӣ дошта бошем", - афзуд Ҳанафӣ.
Дар ҳамин ҳол Ҷейк Салливан, ёвари раисҷумҳури Амрико дар умури амнияти миллии Амрико рӯзи ҷумъа таъкид кард, ки мақомоти Амрико омодаанд, ба мардуми Афғонистон кумаки башардӯстона расонанд, аммо аз Толибон тақозо мекунанд, ки як зумра уҳдадориҳо, аз ҷумла мубориза бо терроризмро иҷро кунанд.
Пас аз эълони тасмими Амрико дар бораи хуруҷи нерӯҳои мусаллаҳаш аз Афғонистон дар баҳори имсол Толибон амалиёти густурдаеро барои барқарории назорат бар ин кишвар оғоз карданд.
Рӯзи 15-уми август ҷангиёни толибон бидуни ҷанг вориди Кобул шуданд ва раисҷумҳур Ашраф Ғанӣ ин кишварро тарк кард.
Дар авоили моҳи сентябр низомиёни амрикоӣ Афғонистонро комилан тарк карда, ба ҳузури тақрибан 20-солаи худ дар он ҷо хотима доданд.
Толибон рӯзи ҳафтуми сентябр ҳайати ҳукумати муваққатро эълон карданд, ки то ҳол ягон давлат онро ба расмият нашинохтааст.