Тарҳи муфассали роҳи Ховалинг - Тавилдара таҳия мешавад: Кувейт пул медиҳад

Тарҳи муфассал ва асосноккунии техникию иқтисодии лоиҳаи роҳи Ховалинг - Тавилдара, ки рафтуомади миёни навоҳии Тоҷикистон ва кишварҳои ҳамсояро осон мекунад, таҳия карда мешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 19 дек — Sputnik. Юсуф Маҷидӣ, ноиби вазири молияи Тоҷикистон мегӯяд, тарҳи муфассали ин роҳ бо маблағгузории Фонди кувейтии рушди иқтисодии араб таҳия мешавад.
Ба иттилои манбаъ, бар асоси созишномаи грантии Ҳукумати Тоҷикистон бо ин бунёди кувайтӣ, ки ахиран парлумон тасдиқ кард, барои ин лоиҳа наздики як миллион доллари амрикоӣ ҷудо мегардад.
"Фармоишгари лоиҳа Вазорати нақлиёти Тоҷикистон буда, иҷрокунандаи он Маркази татбиқи лоиҳаи "Таҷдиди роҳи автомобилгарди Душанбе - Чаноқ" мебошад", - навиштааст нашрияи "Садои мардум" аз қавли Маҷидӣ.
Воридоти техника аз Ҷопону Корея осон мешавад: вазир суди созишнома бо Покистонро гуфт
Манбаъ таъкид кард, ки роҳи лоиҳавӣ 70 километр дарозӣ дошта, роҳи автомобилгарди Кӯлоб - Қалъаи Хумбро бо роҳи Лаби Ҷар - Сангвор - Қалъаи Хумб пайваст мекунад.
Ноиби вазир изҳор дошт, ки азнавсозии роҳи Ховалинг-Тавилдара имкон медиҳад, ҳаракати доимии мошинҳо миёни деҳаҳои минтақаҳои кӯҳӣ, марказҳои ноҳияҳо, вилоятҳо ва пойтахти ҷумҳурӣ, новобаста аз фасли сол таъмин гардад.
Фозил Обидзода, вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бартарии дигари сохтмони ин роҳро дар он гуфт, ки ин роҳ масофа дар самти ҷумҳуриҳои Қирғизистон, Афғонистон ва Чинро наздик менамояд.