ДУШАНБЕ, 19 дек — Sputnik. Штамми омикрон дар 89 кишвари ҷаҳон муайян шудааст, хабар медиҳад Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ.
Дар як рӯзи охир ин навъ вирус дар Украина, Миср ва як қатор кишварҳои дигар пайдо шуд. Дар Тоҷикистон то ҳол штамми нави коронавирус сабт нашудааст.
Дар ҳамин ҳол аз сабаби суръати баланди паҳншавӣ ва такмил набудани маълумот дар бораи штамми омикрон дар як қатор кишварҳо маҳдудиятҳои нав ҷорӣ мешаванд.
Дар пойтахти Британияи Кабир вазъияти фавқулдда эълон шуд. Ба гуфтаи шаҳрдори Лондон, дар ин кишвар афзоиши ҳодисаҳои нави сироятёбӣ ва бистарӣ шудани афроди мубтало ба коронавирус мушоҳида мешавад.
Австрия аз 20 декабр ба далели паҳн шудани штамми омикрон вуруд танҳо барои онҳоеро иҷозат дод, ки ваксина гирифтаанд ё ин бемориро паси сар кардаанд ва ҳамзамон ташхиси онҳо натиҷаи манфӣ доштааст.
Нидерландия аз 19 декабр то 14 январ бо сабаби паҳн шудани штамми нави COVID-19 локдаун ҷорӣ мекунад.
Дар Дания низ ҳукумат тасмим гирифтааст, ки маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кунад. Дар Олмон ва Португалия ҳоло маҳдудиятҳо ҷорӣ нашудаанд, аммо аллакай эълон карданд, ки мавҷи нави коронавирус ҷаҳонро фаро хоҳад гирифт.