Таҷлили 34-солагии генерал, президент, роҳбари парлумон: Шодбошии ФФТ ба Рустами Эмомалӣ

Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе, раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон ва президенти Федератсияи футболи кишвар 34-солагияшро таҷлил мекунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 19 дек — Sputnik. Федератсияи футболи Тоҷикистон бо нашри як паёми шодбошӣ аз нақши Рустами Эмомалӣ дар рушди футболи кишвар твасиф кардааст.
ФФТ бо зикри нақши Рустами Эмомалӣ дар рушди варзиш дар Тоҷикистон барояш дар пешбурди футболи кишвар муваффақият хостааст.
Инчунин паёмҳои зиёди шодбоширо дар шабакаҳои иҷтимоӣ намояндагони касбу кори гуногун нашр намудаанд.
Зодрӯзи шаҳрдор имсол ба рӯзи истироҳат рост омадааст, аммо қаблан шаҳрдорӣ иттилоъ дода буд, ки Рустами Эмомалӣ дар рӯзи мавлудаш одатан сари кор аст.
Дафтари матбуотии ҳукумати Душанбе таъкид намуда буд, ки шаҳрдор низ чун шаҳрвандони дигари Тоҷикистон мавлудашро, мутобиқи Қонуни танзим, дар доираи оила таҷлил мекунад.
Тағйироти кадрӣ дар мақомоти додгоҳӣ бо пешниҳоди президенту ҷонибдории парлумон
Рустами Эмомалӣ писари бузурги раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки 19 декабри соли 1987 ба дунё омадааст.
Бар асоси ҳолнома, ӯ соли 2008 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисодиёти ҷаҳон, соли 2011 Академияи хидмати давлатии назди президенти Федератсияи Русияро бо ихтисоси идоракунии давлатӣ ва маҳаллӣ ва соли 2014 Академияи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм кардааст.
Ӯ дар гузашта роҳбарии Хадамоти гумрук ва Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистонро ба уҳда дошта, рутбаи генералӣ дорад. Аз аввали соли 2017 то ҳол шаҳрдори Душанбе аст.
Аз баҳори соли 2020-ум, баъди интихобаш ба мақоми раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон расман нафари дуюм дар кишвар баъди раисиҷумҳур, падараш ба шумор меравад.
Бар асоси ҳолномаи расмияш, ӯ забонҳои хориҷии русӣ, англисӣ ва олмониро медонад.