ДУШАНБЕ, 18 дек – Sputnik. Русия ҳамоно кишвари ба унвони муҳоҷирпазиртани кишвари дорои ҷои кор барои шаҳрвандони хориҷӣ боқӣ мемонад, гуфтааст сардори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат Имомназар Имомзода дар суҳбат бо "Ховар".
Ба итилои манбаъ, то 90 фоизи муҳоҷирони тоҷик ба Русия ва 10 фоизи боқимонда барои кор ба Қазоқистон ва дигар кишварҳо мераванд.
Имомзода мегӯяд, давоми 11 моҳи соли равон беш аз 175 ҳазор нафар муҳоҷири кишвар ба Ватан баргашт.
"Давоми 11 моҳи соли равон беш аз 175 ҳазор нафар шаҳрванди ҷумҳурӣ тавассути хатсайрҳои чартерӣ ва мунтазам ба Ватан баргаштанд, аз ҷумла 132 ҳазору 119 нафар аз Федератсияи Русия омаданд", - афзудааст манбаъ.
Мавсуф гуфтааст, беш аз 10,5 ҳазор муҳоҷири корӣ, ки ба Ватан баргаштаанд, аллакай дар Тоҷикистон давраҳои омӯзиширо хатм намуда, ба кор даромадаанд. Аксари вақт онҳо касбҳои кафшерчӣ, андовачӣ, дуредгарӣ ва дӯзандагиро интихоб мекунанд.
Дар ин муддат ба Хадамоти муҳоҷират 38 ҳазору 662 нафар муроҷиат кард, ки дар муқоиса ба давраи қиёсии соли 2020 60 фоиз зиёд аст ва ба гуфтаи ин масъули вазорат, бинобар паҳншавии COVID-19 ва баста шудани сарҳадҳои хориҷӣ аксари корхонаҳо натавонистанд бо иқтидори пурра фаъолият кунанд.
Ба ин нигоҳ накарда, субъектҳои хоҷагидорӣ тавонистанд ҳудуди ду ҳазор шаҳрванди Тоҷикистонро ба хориҷи кишвар фиристанд.
Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон қаблан гуфта буд, ки дар 10 моҳи соли 2021 331 ҳазору 353 нафар дар минтақаҳои Русия дар ҷустуҷӯи кор будааст. Дар ҳоле ки ба гуфтаи хадамоти марбутаи Русия, ин рақам ба маротиб бештар аст.
Қобили зикр аст, ки дар соли 2021 нисбат ба соли 2020 2,8 баробар бештар шаҳрвандони кишвар барои кор ба хориҷа рафтаанд.
Тибқи маълумоти Созмони Байналмилалии Муҳоҷират, имрӯз шумораи умумии муҳоҷирони корӣ дар ҷаҳон ба 236 миллион нафар расида, тибқи пешгӯии СБМ, ин рақам то соли 2050 ба 405 миллион нафар мерасад.