Сиёсатшиноси олмонӣ шарҳ дод, ки чаро Аврупо аз Русия метарсад - видео

Коршинос дар бораи мавқеи Украина дар Аврупои имрӯза ва нуфузи Русия болои ҷомеаи Ғарб андешаҳояшро баён кард
Sputnik
Оё Ғарб розӣ хоҳад шуд, Украинаро ба ҳар сурат ба НАТО ҷалб кунад ва чаро элитаи аврупоӣ ба тарс аз Русияи қавӣ ниёз дорад, масъалае буд, ки сиёсатшиноси олмонӣ Александр Рар дар ин хусус ибрози назар кард.
Ба гуфтаи Рар, сиёсатмадорони ғарбӣ ба таври фаъол аз вуруди барвақти Украина ва Гурҷистон ба НАТО ҷонибдорӣ мекунанд, аммо дар воқеъ, сиёсиюни Олмон ақидаи комилан дигар доранд.

"Ба ҷуз аз баъзе аз фаъолон ё сиёсатмадорони Ҳизби сабз ман як сиёсатмадори ҷиддиеро дар Олмон намедонам, ки барои пазируфтани Украина ва Гурҷистон ба НАТО розӣ бошад", - гуфт сиёсатшинос.

Вай қайд кард, ки барои дипломатияи Олмон ин маънои аз даст додани иртибот бо Русияро дорад.
"Аммо ҳеҷ кас инро расман эълон намекунад", - таъкид кард Рар.
Охирин шарти Путин ба НАТО
Сабаби инро ӯ ба сиёсати умумии Аврупоро рабт дод, ки тибқи он, бояд ҳар гуна амали Украинаро ташвиқ кард, зеро он қурбонии ба истилоҳ таҷовузи Русия аст.

"Бадбахтии Аврупо он аст, ки вай худро ба чунин мавқеи комилан ғайритаърихӣ, ноустувор ва дар воқеъ хеле хатарнок бурд", - гуфт сиёсатшинос.

Ӯ дар посух ба суоли "тарси Аврупо аз Русия як чизи воқеӣ аст ё танҳо як таҳдиди хаёлӣ?", гуфт, ин гуна таҳдид танҳо барои сиёсатмадорон судманд аст.
"Дар ин ҷо бемайлӣ барои дидани Русияи қавӣ вуҷуд дорад", - таъкид кард ӯ.
Коршинос бар ин назар аст, элитаи ҳоким барои муттаҳидсозии ҷомеа ва Аврупо, ки дар мушкилоти дохилӣ ғарқ шудаанд, ба як “тарсдиҳанда”-и муносиб ниёз дорад.