ДУШАНБЕ, 18 дек — Sputnik. Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов ба дарвозаи ҳарифон 9 гол ворид кард ва нишонзани беҳтарини сабқат дониста шуд, хабар медиҳад Sputnik Қирғизистон.
Дар ин мусобиқа шаш даста: дастгоҳи раёсати ҷумҳурӣ, собиқадорони футболи кишвар, васоити ахбори омма, намояндагони федератсияҳои варзишӣ, доираҳои тиҷоратӣ ва фарҳангиён ширкат доштанд.
Мусобиқа аз ду марҳила иборат буд: марҳилаи пешакӣ - ҳар як даста ду бозӣ ва финалӣ - дар доираи он ҷойҳои ниҳоӣ муайян карда шуданд.
Содир Ҷабборов капитани дастаи дастгоҳи президентӣ буд. Дар анҷоми мусобиқот ӯ ба дарвозаи рақибон 9 гол зада, нишонзани беҳтарин дониста шуд.
Дастаи ходимони маданият соҳиби кубоки асосй гардиданд. Ҷойи дуюм насиби собиқадорони футбол ва ҷойи сеюм насиби намояндагони дастгоҳи президент гардид.
Фонди ҷоизаи мусобиқа 1 миллион сумро ташкил дода, ғолибон тасмим гирифтанд, ки ин маблағро ба мактаб-интернати кӯдакони ятими шаҳри Токмок гузаронанд.
Президент ғолибонро табрик гуфта, ваъда дод, ки дар моҳҳои май ва декабр чунин мусобиқаҳо баргузор мешаванд.
Ин сабқат ба 100 - солагии футболи Қирғизистон бахшида шуд. Мақсади ширкати президент ва мақомдорон дар чунин мусобиқа тарғиби тарзи ҳаёти солим гуфта мешавад.
Пештар президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ба майдони футбол ворида шуда буд ва ҳарифонашро "голборон" карда буд.