Ислоҳи харитаи ГЖК: “Ворух анклав нест”

Харитаи Тоҷикистон дар Маҷмаи маҷаллаву рӯзномаҳои “Шарқи озод” маъруф ба ГЖК–ро иваз шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 18 дек — Sputnik. Гуфта мешавад, дар гузашта харитаҳои чопи чинӣ дар Тоҷикистон ба фурӯш мерасиданд, ки дар онҳо қаламрави ин кишвар хато тасвир шудааст.
Яке аз шоҳидони ин табдил ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, дар харитаи қаблие, ки овехта буданд, ҷамоати Ворухи шаҳри Исфара ҳамчун анклав ё ҷазирақаламрав тасвир ёфта буд.
“Дар харитаи нав ин хато ислоҳ шуда, Ворух бо бақия ҳудудҳои Тоҷикистон пайванд тасвир шудааст”, - гуфт ӯ.
Масъалаи анклав будан ва набудани ҷамоати Ворухи шаҳри Исфара солҳо ба ин сӯ мавриди баҳси Тоҷикистону Қирғизистон қарор гирифтааст.
Тоҷикистон ин қаламрави худро анклав ҳисоб намекунад, аммо Қирғизистон даъво дорад, ки Ворух анклави тоҷикӣ дар ҳудуди ин кишвар аст.
Харитаи Тоҷикистон
Дар ҳамин ҳол аксари харитаҳое, ки дар Тоҷикистон дар муассисаи давлативу макотибу донишгоҳҳо ва дигар маконҳои ҷамъиятӣ овехта шуда буданд, Ворухро анклав нишон додаанд.
Онҳое, ки харитаро ҳамчун моли тиҷорати худ аз Чин ворид мекарданд, ба ин ҷузъиёти муҳим таваҷҷуҳ зоҳир намекарданд.
Қаблан, дар пайи як таҳқиқи Sputnik Тоҷикистон аз фурӯшгоҳҳои канселярӣ ва китоб дар шаҳри Душанбе маълум шуда буд, ки аксари харитаҳои ба фурӯш гузошташуда ҳомили чунин як хатои техникӣ ҳастанд. Аммо маълум нест, ки оё барои ислоҳи онҳо иқдоме аз ҷониби мақомот ё худи тоҷирон гирифта шудааст ё не.
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Собиқ шаҳрдори Исфара: Ворух ҳеҷ вақт анклав набуд
Бино ба қавли огаҳони ҳол, Ворух дар харитаҳои то соли 1990 ҳамеша як ҷузъи пайваста ба бақия қаламрави Тоҷикистон нишон дода шудааст, аммо пас аз чопи он дар Чин ва густариши тиҷорат бо ин кишвар ин хатои техникӣ аз назарҳо дур афтодааст.
Маҷмаи маҷаллаву рӯзномаҳои “Шарқи озод”, маъруф ба ГЖК дар шаҳри Душанбе ҷойгир буда, марбути Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон мебошад ва яке аз иншооти стратегии кишвар ба ҳисоб меравад.