ДУШАНБЕ, 17 дек — Sputnik. Ожонси ҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки рӯзҳои истироҳати кишвар сард мешавад.
Ҳавошиносон дар шаҳри Душанбе ва навоҳии тобеъи ҷумҳурӣ 18 декабр ҳавои нимаабрӣ пешгӯӣ карда, вазиши бодро бо суръати на бештар аз 6-8 м/с пешгӯӣ мекунанд. Сокинони пойтахтро бошад, ҳавои гарм интизор аст.
Тибқи ин пешгӯӣ, рӯзҳои шанбе ва якшанбе ҳаво рӯзона то 12-14 дараҷа гарм мешавад, дар ҳоле ки шабона, тавре ки мебоист дар фасли зимистон бошад, 1-3 дараҷа сардӣ дар назар аст.
Дар навоҳии тобеи ҷумҳурӣ шабона ҳаво хунук мешавад, сардӣ то 6 дараҷа мерасад ва рӯзона сокинонро ҳавои гарм интизор аст - ҳароратсанҷ то 16 дараҷа гармиро нишон медиҳад.
Рӯзи якшанбе дар баъзе ноҳияҳо ҳавои боронӣ дар назар аст.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавошиносон сармои шадидро пешгӯӣ кардаанд.
Рӯзҳои истироҳат дар ин ҷо шабона то 27 дараҷа сардӣ дар назар буда, пагоҳӣ дар ҷойҳо то 0 ва дар баъзе навоҳӣ то 5 дараҷа гарм мешавад. Боришот дар ин минтақа пешгӯӣ намешавад.
Дар Хоруғ, тибқи пешгӯӣ, ҳаво нимаабрию бебориш мешавад, вале туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ 3-8 ва баъзан то 10-15 метр дар як сония мевазад, ҳарорати ҳаво дар вилоят шабона 6-8 хунук ва рӯзона 0-2 дараҷа гарм мешавад.
Сокинони вилояти Суғдро ҳавои нимаабрӣ интизор аст, ҳавошиносон бориш пешгӯӣ намекунанд, вале дар ин минтақа тумани ғафс мефарояд. Ҳарорат шабона 1-3 хунук, рӯзона 8-10 гарм мешавад. Тибқи пешгӯии ҳавошиносон, шабона дар кӯҳистон ҳаво то 12 дараҷа сард мешавад.
Дар Бохтар ва Кӯлоб ҳавои хеле гарм дар назар аст. Рӯзи шанбе, 18 декабр ҳаво то 12 ва рӯзи якшанбе то 19 дараҷа гарм мешавад.