ДУШАНБЕ, 17 дек — Sputnik. Русия бар он аст, ки Амрико набояд аз қаламрави кишварҳои собиқи Иттиҳоди Шӯравӣ бо мақсадҳои низомӣ истифода намояд.
Дар ин бора дар тарҳи созишнома дар бораи кафолатҳои амниятӣ, ки дар сомонаи Вазорати умури хориҷии Русия нашр шудааст, навишта шудааст.
“Амрико дар ҳудуди кишварҳое, ки пештар дар ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ буданд ва узви кишварҳои НАТО нестанд, пойгоҳҳои низомӣ бунёд намекунанд”, — гуфта мешавад дар санади мазкур.
Илова бар ин Иёлоти Муттаҳида набояд аз инфрасохтори кишварҳои Иттиҳоди Шӯравии собиқ барои анҷом додани амалиёти низомӣ истифода кунад.
Ҳамчунин Русия шарт гузоштааст, Амрико набояд ҳамкориҳои дуҷонибаи низомиро бо ин кишварҳо густариш диҳад.