ДУШАНБЕ, 17 дек — Sputnik. Омикрон дар саросари ҷаҳон хеле зуд паҳн мешавад, ки нигароникунанда аст, гуфт роҳбари "Роспотребнадзор" Анна Попова.
Дар Русия ин штамми нав дар 25 нафар ошкор шудааст, ки паҳншавии пайвастаи онро дар ин кишвар истисно намекунанд.
"Мо рушди босуръати вазъро дар Бритониёи Кабир, дар Африқо мебинем, ки дар он зиёда аз 75% ҳолатҳои ошкоршудаи ҳамарӯза омикрон мебошанд. Суръати афзоиши он даҳшатовар аст", - гуфт ӯ.
Барои пешгирӣ аз сироят табибон тавсия медиҳанд, ки ваксинанагирифтаҳо ҳарчи зудтар вазъро ислоҳ кунанд ва боқимондаҳо бояд на дертар аз шаш моҳ дубора моякубӣ шаванд.
Қаблан вирусшиносони чинӣ гуфта буданд, ки омикрон нисбат ба штамми делтаи коронавирус 70 баробар тезтар паҳн мешавад. SARS-CoV-2 нав дар найчаҳои роҳи нафас ва шуши инсон афзоиш меёбад, аммо коршиносон мегӯянд, дараҷаи осеби узвҳои нафаскашӣ нисбат ба версияи аслии коронавирус даҳ баробар камтар аст.
Штамми омикрон бори аввал дар қитъаи Африқо, дар Ботсвана ва Африқои Ҷанубӣ дар миёнаи моҳи ноябр кашф карда шуд.
Он бо даҳҳо мутатсия дар сафедаи S аз дигар штаммҳо фарқ мекунад.
Эҳтимол ин штамм дар организми дорои иммунитети паст - сироятёфта ба ВНМО ба вуҷуд омада бошад.
Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт B.1.1.529-ро ҳамчун "маризии ташвишовар" эълон кард ва онро омикрон, номи ҳарфи 15-уми алифбои юнонӣ номгузорӣ кард.
Коршиносон муътақиданд, ҳатто афроде, ки бемор ва ваксина шудаанд, метавонанд мубталои ин навъи коронавирус шаванд ва нишонаҳои он аз хастагӣ то дарди сару баданро дар бар мегиранд.