IRS мегӯяд, роҳи алтернативӣ ҳатмӣ нест ва масири пулакӣ барои сарфаи буҷа аст

Ширкати саҳомии "Инновейтив роуд солюшнз" ЛТД дар Тоҷикистон, ки ба нигаҳдории роҳи Душанбе - Чаноқ муваззаф аст, вуҷуди роҳи алтернативиро дар баробари роҳи пулакӣ ҳатмӣ намедонад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 17 дек — Sputnik. Будани роҳи алтернативӣ яке аз талаботи классикии ҷоринамоии истифодаи пулакии роҳ аст, вале ба ҳеҷ ваҷҳ наметавонад ҳатмӣ бошад, гуфтааст раҳбари IRS Нодирҷон Сафаров дар мусоҳиба бо "Ховар".
Ба гуфтаи Нодирҷон Сафаров, ҳар кишвар махсусияти худро дорад ва чунин кор дар Тоҷикистон ғайриимкон аст.
"Бояд эътироф кунем, дар минтақае, ки роҳи Душанбе – Чанок ҷойгир аст, бунёди роҳи алтернативӣ ба ақл рост намегирад. Онҳое, ки чунин иддао доранд, шояд аз махсусияти ин минтақа бехабаранд", - афзуд ӯ.
Эълони маҳдудияти ҳаракат дар масири Душанбе - Хуҷанд: сабаб ва муҳлат
Ӯ гуфтааст, роҳи Душанбе – Чаноқ аз лиҳози кӯҳсор ва релефи ҷойгиршавӣ нозукиҳои худро дорад, ки мавҷудият ва истифодаи роҳи алтернативиро зери суол мебарад.
Муҳимтар аз ҳама нигоҳдории роҳи алтернативӣ, ба гуфтаи Нодирҷон Сафаров, хароҷоти зиёд дошта, сарбории масрафи маблағҳои буҷавиро зиёдтар менамояд. "Шумо хуб медонед, ки нигоҳдории роҳ осон нест ва хароҷоти ниҳоят зиёд дорад", - гуфтааст ӯ.

"Мантиқан пулакӣ шудани роҳ низ ба хотири сарфа намудани маблағҳои буҷаи давлат ва минбаъд равона намудани он ба самтҳои дигар, аз ҷумла пардохти қарз амалӣ шудааст", - гуфтааст раҳбари IRS.

Аммо коршиносон бар ин назаранд, роҳҳо дар ҷаҳон дар ҳоле пулакӣ мешаванд, ки дар робаробари онҳо роҳҳои алтернативӣ, яъне бепул низ вуҷуд дошта бошанд.
Дар ҳамин ҳол шоҳроҳи “Душанбе – Чаноқ” танҳо масирест, ки шимоли кишварро бо марказ мепайвандад ва он ҳам пулакист.
Ин суҳбати Нодирҷон Сафаров дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон аз ғайришаффоф будани кори IRS интиқод мешавад, бахусус аз он ки то ҳол моли кӣ будани ширкат маълум нест. Инчунин дар ин зимн ба имтиёзҳое таъкид мешавад, ки барои ширкати "роҳбон"-и масири Душанбе – Чаноқ дода шудааст. Дар ҳоле ки қарзе, ки бо харҷи он роҳ таъмир гардид, аз ҳисоби буҷа пардохт мегардад.
Ёдовар мешавем, бино ба як шартномаи консессионӣ бо ҳукумат ва ҳам таъйиди он аз сӯйи Маҷлиси Олии Тоҷикистон, нигоҳдории роҳи мошингарди Душанбе – Чаноқро филиали гиркати бритониёии "Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД" аз соли 2010 ба ин сӯ ба зимма дорад.
IRS пулро куҷо мекунад, чаро алтернатива нест ва фоидаи кори ширкат: шарҳи Худоёрзода
Тоҷикистон бо ин ширкат барои нигоҳубини роҳ ва пулчинӣ ба муддати 30 сол шартнома дорад ва ин ширкат аз пардохти ҳама гуна андоз, ба ҷуз аз пардохтҳои иҷтимоӣ озод аст.
Шоҳроҳи Душанбе - Чаноқ бо имтидоди 410 километр бо сармоягузории 296 миллион доллар, бахусус 281 миллион доллари қарзи Чин бо 2%-и солона ва муҳлати 20-сола аз соли 2006 то 2009 навсозӣ шудааст.
Ин роҳ се нақб (“Майхура” - 897, “Истиқлол” - 4998 ва “Шаҳристон” - 5253 метр), 6 плазаи толлингӣ, 24 галерея и 38 пул дорад. Тибқи иттилои ширкати IRS, роҳкиро дар ин масири барои мошинҳои сабукрав 59 ва боркаш ҳудуди 638 сомониро ташкил мекунад. Аҳолии шафати роҳ аз имтиёз бархӯрдор буда, аз 50 фоиз то 93%-и роҳқироро пардохт мекунанд.