Аз 13 дараҷа гармӣ то 33 дараҷа сардӣ: пешгӯии дақиқи ҳавои Тоҷикистон

Ҳавосанҷон дар Тоҷикистон фаромадани тормеғ ва боришоти барфу боронро пешгӯӣ мекунанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 17 дек – Sputnik. Ба иттилои Оҷонсии обуҳавошиносӣии Тоҷикистон ҳавои ВМКБ камабр, дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбандаи бебориш дар назар буда, ҳарорати ҳаво дар ғарби вилоят шабона 3-8 дараҷа хунук, рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм мешавад.
Дар шарқи вилоят бошад, шабона 20-25 дараҷа хунук, дар баъзе минтақаҳо то 28-33 дараҷа хунук, рӯзона 2-7 дараҷа хунук мешавад.
Оҷонсӣ мегӯяд, дар вилояти Суғд ҳавои камабри бебориш дар назар буда, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ (туман) мефарояд.
Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм, рӯзона 5+10 дараҷа гарм шуда, дар ноҳияҳои кӯҳӣ бошад, шабона 10-15 дараҷа хунук, рӯзона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм мешавад.
Ҳушдори КҲФ: Тоҷикистонро меғи ғафс иҳота мекунад
Дар вилояти Хатлон ҳавои камабри бебориш дар назар буда, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ (туман) мефарояд.
Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм, рӯзона 8-13 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо шабона 3-8 дараҷа хунук, рӯзона 2-7 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бориши сусти борон ба амал омада, дар ноҳияи алоҳидаи кӯҳӣ бориши борон ва барф пешгӯӣ шудааст.
Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона аз 1-6 дараҷа гарм, рӯзона 10-15 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 2-7 дараҷа хунук, рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм мешавад.
Сокинони пойтахтро бошад, ҳавои камабри бебориш ва фаромадани тормеғ (туман)-и тунук интизор аст. Ҳарорати ҳаво шабона 2-4 дараҷа хунук, рӯзона 9-11 дараҷа гарм мешавад.