ДУШАНБЕ, 17 дек — Sputnik. Дар Маскав донишӯи Донишгоҳи технологиии Русия боздошт гардид, ки миёни ҳамсолонаш ғояҳои ҷиноии ДИИШ-ро тарғиб мекардааст, хабар дод ФСБ.
"Аз фаъолияти ҷонибдори ДИИШ, ки талоши ҷалби донишҷӯёни яке аз донишгоҳҳои пойтахтро ба тундгароию терроризм дошт, ҷилавгирӣ шуд", - навиштааст РИА Новости бо такя ба иттилоияи Хадамоти федералии амният.
Ба иттилои тафтишот, ҷавони муттаҳам шаҳрванди яке аз кишварҳои Осиёи Марказӣ буда, борҳо кори ҷангиёни ДИИШ-ро сафед карда, ба бунёди хилофат дар Ироқу Сурия даъват менамуд.
Таъикд шудааст, ки ӯро дар хобгоҳи донишгоҳ боздошт намудаанд. Парвандаи ҷиноӣ алайҳи ӯ барои даъвати оммаӣ ба фаъолияти террористӣ ва сафедкунии терроризм ифтитоҳ шудааст.
Манбаъ афзуд, ки тайи ду соли охир мақомоти қудратии Русия беш аз 90 амали террористиро пешгирӣ кардаанд. Зикр шудааст, ки бештари онҳоро исломиёни тундгаро дар қисмати аврупоии Русия тарҳрезӣ мекарданд.
*-созмони террористии мамнуъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар