ФСБ-и Русия навори амалиёти вижаро дар хобгоҳ нашр кард.
"Аз фаъолияти ҷонибдори ДИИШ*, ки талоши ҷалби донишҷӯёни яке аз донишгоҳҳои пойтахтро ба тундгароию терроризм дошт, ҷилавгирӣ шуд", - иттилоъ додааст Хадамоти федералии амният.
Ба иттилои тафтишот, ҷавони муттаҳам шаҳрванди яке аз кишварҳои Осиёи Марказӣ буда, борҳо кори ҷангиёни ДИИШ*-ро сафед карда, ба бунёди хилофат дар Ироқу Сурия даъват менамуд.
Парвандаи ҷиноӣ алайҳи ӯ барои даъвати оммаӣ ба фаъолияти террористӣ ва сафедкунии терроризм ифтитоҳ шудааст.
* - гурӯҳи террористии мамнуъ дар Русия