ДУШАНБЕ, 16 дек — Sputnik. Лоиҳаи Қонун дар бораи QR-код дар ҷойҳои ҷамъиятӣ аз ҷониби Думаи давлатии Русия дар хониши аввал қабул шуд.
Бо дарназардошти афкори умум ва пешниҳодҳои ба ҳукумат ирсолшуда он дар хондани дуюм ба анҷом мерасад. Он дастрасӣ ба ҷойҳои ҷамъиятиро бо шаҳодатномаи ковид пешбинӣ мекунад.
Ба тарафдории чунин ташаббус 329 нафар вакил овоз доданд, 87 нафар мухолиф ва як вакили парлумон бетараф монд. Тибқи лоиҳаи қонун, барои боздид аз тарабхонаҳо, дӯконҳои ғайриозуқа, чорабиниҳои оммавӣ ва муассисаҳои фарҳангӣ ҳуҷҷати QR-код зарур аст.
"Ин чора ба дорухонаҳо, мағозаҳои хӯрокворӣ ва молҳои зарурӣ таъсир намерасонад", - омадааст дар хабар.
Ин меъёрҳо дар кишвари Русия то якуми июни соли 2022 амал мекунанд. Ҳамин тариқ то якуми феврали соли 2022 шаҳрвандоне, ки QR-кодро нагирифтаанд, барои боздид аз ҷойҳои ҷамъиятии номбаршуда бояд санҷиши манфии ПСР-и коронавирус пешниҳод кунанд.
Аммо баъд аз якуми феврал ин имкон танҳо ба шаҳрвандоне, ки ҳуҷҷат доранд, дастрас хоҳад шуд.
Ҳамзамон гуфта мешавад, тасмим дар бораи истифодаи QR-код ва номгӯи объектҳое, ки дар он ин код зарур аст, аз ҷониби мақомоти вилоят қабул карда мешаванд. Маълум аст, ки ду лоиҳаи Қонун дар бораи истифодаи QR-код якбора ба Думаи давлатӣ барои баррасӣ пешниҳод шудааст.