"Роҳи оҳани Русия" ба Тоҷикистон дар интиқоли меваю сабзавот тахфиф медиҳад

"Роҳи оҳани Русия" то охири соли 2022 барои интиқоли меваю сабзавот аз Тоҷикистон тахфифи махсус муқаррар мекунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 16 дек — Sputnik. Ширкати "Роҳи оҳани Русия" тахфифи ҳамлу нақли коло барои Тоҷикистонро тамдид кардааст.
Тахфифҳои қаблан ба ҷумҳурӣ додашуда то соли 2022 нигоҳ дошта мешаванд, гуфта мешавад дар "Telegram - канал"-и холдинг.
Ҳамин тариқ, тарофаҳои имтиёзнок барои ҳамлу нақли коло, аз ҷумла ба маҳсулоти воридотӣ аз Тоҷикистон дахл дорад.
Талабот ба лимӯ дар Тоҷикистон афзоиш ёфтааст
Тахфиф барои интиқоли маҳсулоти меваю сабзавоти Тоҷикистон ба Русия татбиқ мешавад.
Чунин имтиёзҳо ба молҳои Ӯзбекистон низ дахл доранд.
Ин тадбирҳо аз 1 январи соли 2022 эътибор пайдо мекунанд ва то 31 декабри соли оянда мавриди амал қарор хоҳанд дошт.

"Барои ҳамлу нақли сабзавоту меваҷот аз Тоҷикистон ба Русия дар вагони яхдондор, ки ба Корхонаи воҳиди давлатии "Роҳи Оҳани Тоҷикистон" тааллуқ дорад, 50% тахфиф ҷорӣ карда мешавад", - омадааст дар хабари идораи "Роҳи оҳани Русия".

Қобили зикр аст, ки Русия аз соли 2013 ба Тоҷикистон тахфифи муайяне барои ҳамлу нақлро роҳандозӣ кардааст.
Андозаи ибтидоии тахфиф 12,8% буд, ки то соли 2018 тадриҷан то 50% расид.
Ба гуфтаи Леонид Холод, доктори илми иқтисод, чунин тадбир ангезаи афзоиши пешниҳоди ин навъи маҳсулот мешавад.
Буҳрони картошка намешавад? Гузориши Вазорат кишоварзӣ дар бораи аз ҳосил
Вай таъкид кард, ки афзоиши талабот ба ин гуна маҳсулот боиси беҳтаргардии сифат ва миқдори меваю сабзавоти парваришшуда мегардад.
Чунин имтиёз барои кишоварзони тоҷик як бозори иловагии фурӯшро боз мекунад.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки Русия шарики асосии тиҷоратии Тоҷикистон боқӣ мемонад. Ҳаҷми табодули коло миёни ду кишвар дар ёздаҳ моҳи соли ҷорӣ 1 миллиарду 130 миллион долларро ташкил додааст.