Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Маълум шуд, кай СҶБ ваксинаи "Спутник V"-ро тасдиқ мекунад

Ин ваксина аллакай аз ҷониби беш аз 70 кишвари ҷаҳон, бо ҷамъияти умумии чаҳор миллиард нафар эътироф шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 16 дек — Sputnik. Эҳтимол аст, Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт ваксинаи русии "Спутник V"-ро дар семоҳаи аввали соли 2022 эътироф кунад.
Дар ин бора раҳбари шуъбаи урупоии СҶБ Ҳанс Клуге дар суҳбат бо RT хабар додааст.
Ӯ таъкид кардааст, ки бахши тандурустӣ бояд берун аз сиёсат бошад ва мавқеи сиёсии кишвари тавлидкунандаи ваксина муҳим нест.
Ба гуфти ӯ, дар моҳи октябри соли ҷорӣ Сандуқи сармоягузории мустақими Русия асноди ворид кардани "Спутник V" ба феҳрасти тавсияшуда барои истифодаи изтирориро имзо карда буд.

"Дар семоҳаи аввали соли оянда, пас аз гирифтани файл, ки то охири сол фиристода мешавад, аз ҷониби идораи марказии СҶБ тасдиқ хоҳад шуд", - гуфт Клуге.

Қаблан Михаил Мурашко, вазири тандурустии Русия гуфта буд, ки тамоми монеаҳо дар роҳи "Спутник V" дар СҶБ аз байн рафтааст ва танҳо расмиёти он боқӣ мондааст.
Моҳи декабр СҶБ хабар дод, ки комиссия барои арзёбии ваксина на пештар аз январи соли 2022 ба Русия меояд.
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Маълум шуд, чаро СҶБ тасдиқи "Спутник V"-ро ба таърих меандозад
"Спутник "V як ваксинаи омехтаи векторӣ алайҳи COVID-19 мебошад, ки аз ҷониби Маркази миллии тадқиқотии эпидемиология ва микробиологияи Гамалей таҳия шудааст.
Ваксина аз ҷониби беш аз 70 кишвари ҷаҳон, ки шумораи умумии аҳолии онҳо чаҳор миллиард нафарро ташкил медиҳад, эътироф шудааст.
Бар асоси таҳлили маълумоти 3,8 миллион нафар аз русҳои ваксинагирифта, самаранокии ин дору 97,6 дарсад арзёбӣ мешавад.