ДУШАНБЕ, 16 дек — Sputnik. Дар Париж тасмим гирифта шуд, ки фалак ба Рӯйхати ҷаҳонии мероси фарҳангии башарият ворид карда шавад.
Дар ин бора дар иҷлосияи 16-уми Кумитаи байнидавлатии мероси фарҳангии ғайримоддӣ, ки дар Фаронса ба таври онлайн доир гардид, иқдом шуд.
Номинаи Тоҷикистон барои мусиқии суннатии мардумӣ ба ҳамаи панҷ меъёри Конвенсияи ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддӣ ҷавобгӯ буд.
Ба феҳрист шомил шудани фалак як такони муҳими ҳифз ва маъруфияти фарҳанги тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ хоҳад буд.
"Дохил шудани фалак ба Феҳристи ҷаҳонии мероси фарҳангии башарият аз ҷониби Пунчи Ниламе Мегасват, котиби масъули Шри-Ланка дар умури ЮНЕСКО ва раиси Кумитаи байниҳукуматии ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО эълон шуд", — гуфтанд аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, Тоҷикистонро дар ин чорабинӣ Зулфия Бурҳон, котиби масъули Комиссияи миллӣ дар умури ЮНЕСКО намояндагӣ кард.
Фалак – мусиқии суннатии касбии мардуми тоҷик буда, дар он асосан дубайтӣ ва ё рубоие интихоб мегардад, ки маънои фалсафӣ дошта, ифшогари розу ниёзи мардум бошад ва он бештар дар навоҳии кӯҳистон маъмул аст.
Одатан фалак зери садои мусиқии дуторча (думбра), ғижак, най (тутак), сетор ва рӯбоби бадахшонӣ бо ҳамсадоии дафу таблак иҷро мешавад.
Мавриди зикр аст, ки дар ҳифзи фалак машҳуртарин фалаксароёни кишвар Бобохалили Одина, Акашариф Ҷӯраев, Одина Ҳошим, Гулчеҳра Содиқова, Давлатманд Хол ва чанде дигарон саҳми зиёд гузоштаанд.
Илова бар ин аз соли 2007 10 октябр дар кишвар Рӯзи фалак таҷлил мешавад.