ДУШАНБЕ, 16 дек — Sputnik. Валерий Фадеев, раиси Шӯрои ҳуқуқи башари назди президенти Русия дар бораи ҳамгироии дурусти муҳоҷирон ба ҷомеаи Русия суҳбат кард, менависад "Известия".
"Вазифаи асосӣ ҳамгироӣ (муҳоҷирон - ред.) ба муҳити иҷтимоии Русия аст. Бояд бигӯям, ки ин на ҳамеша рух медиҳад", - гуфт Фадеев.
Ба гуфтаи ӯ, бояд ба таҳсили муҳоҷирон ва бахусус ба масъалаи омӯзиши забони русӣ барои фарзандони хориҷие, ки ба ин кишвар меоянд, таваҷҷуҳи хоса зоҳир кард.
"Кӯдакон бояд забони русиро такмил диҳанд, яъне мо ба курсҳои махсуси омӯзиши забони русӣ ниёз дорем, дар мактабҳое, ки фарзандони муҳоҷирон зиёданд, ба мо усулҳои махсуси таълим лозиманд", - гуфт раиси Шӯрои ҳуқуқи башари назди президенти Русия.
Вай таъкид кард, Вазорати маорифи Федератсияи Русия бояд ба ин масъала ҷиддӣ машғул шавад, аммо то ҳол чунин усулҳо таҳия нашудааст.
Валерий Фадеев барои беҳбуди ин лаҳзаи тарбиявӣ пешниҳод кард, ки бо омӯзгорон, директорони мактабҳое, ки дар онҳо фарзандони муҳоҷирон зиёданд, тамос бигиранд.
"Онҳо таҷрибаи худро доранд. Мо бояд ин таҷрибаро қабул, паҳн ва ба низом оварем. Ба назари ман, ин як вазифаи хеле муҳим аст", — гуфт раиси Шӯрои ҳуқуқи башари назди президенти Федератсияи Русия дар мусоҳиба бо нашрия.