Арӯсу домод муваззаф шуданд, таҳти суруди Бердимуҳаммадов бирақсанд

Бузургони маҳал барои амалӣ гардондани ин ташаббус, мувофиқи талаби мақомоти маҳаллӣ, бо сокинони деҳот суҳбат мегузаронанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 16 дек — Sputnik. Дар Туркманистон навхонадорон муваззаф шуданд, таҳти яке аз таронаҳои Қурбонгулӣ Бердимуҳамедов рақси аввалро иҷро кунанд, хабар медиҳад "Хроники Туркменистана".
Муйсафедон барои амалӣ гардондани ин ташаббус, мувофиқи талаби мақомоти маҳаллӣ, бо сокинони деҳот суҳбат мекунанд.
Гуфта мешавад, бештари таронаҳое, ки дар тӯйҳо иҷро мешаванд, бояд ба забони туркманӣ бошанд.
Бердимуҳаммадов гуфт, китоби нав навиштааст
Ғайр аз ин ба туркманӣ тарҷума кардани асарҳои хориҷӣ низ ба мақсад мувофиқ дониста мешавад. Илова бар ин муйсафедон талаб мекунанд, ки харҷи тӯйҳоро маҳдуд кунанд.
Аз ҷумла, ба оилаи арӯс пешниҳод карда мешавад, ки барои оростани як зиёфат ба хотири арӯс аз домод маводи ғизоии зиёд тақозо накунад.
Голи “роналдовор”-и президент олами футболро ба ҳайрат меорад – видео
Дар вилоятҳои Туркманистон тӯйҳо бо риояи расму русуми миллӣ – хостгорӣ, базми арӯсӣ, маслиҳати хешу табор ва ҳамсояҳо пеш аз тӯй баргузор мешаванд.
Ташкили ин ҳама харҷи зиёди молӣ дорад.