ДУШАНБЕ, 15 дек – Sputnik. Президент ба мақоми муовини аввали мудири Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Тоҷикистон, ки то ҳол холӣ буд, Абдураҳмонзода Ҷамила Уктамҷонро таъйин намудааст.
Ба иттилои дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон, Ҷамила Уктамҷон то ҳол дар мақоми муовини мудири ин агентӣ кор мекард. Ӯ ба ин мақом моҳи июни соли 2019 таъйин шуда буд.
Бар асоси қарори ҳукумат, Наимӣ Аъламхон Қодириён, муовини навтаъйини мудири Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа мебошад.
Маврид ба зикр аст, ки аз аввали соли 2019 то ҳол Аъламхон Наимӣ сардори раёсати молияи Дастгоҳи иҷроияи президент буд. Ба далели таъйиноти ҷадид Наимӣ бо амри раисҷумҳур аз вазифаи сардори раёсати молияи дастгоҳ барканор гардид.
Мудири Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар Тоҷикистон аз моҳи майи соли 2019 то ҳол Дилмурод Давлатзода мебошад, ки то таъйинаш ба ин мақом чанд сол ба ҳайси омӯзгор дар Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон фаъолият кардааст.