ДУШАНБЕ, 15 дек — Sputnik. Губернатори Ҳавзаи мухтори Ханти-Мансийск Наталя Комарова чанд намуди фаъолиятро барои муҳоҷирони корӣ, ки тибқи патент кор мекунанд, манъ кард.
Дар ин замина асноде аз тарафи мақомот имзо ва дар торнамои расмии мақомоти давлатӣ нашр шудааст. Акнун хориҷиёне, ки дар минтақа бо патент кор мекунанд, ронандаи таксӣ ва микроавтобусҳо шуда наметавонанд, баро онҳо ҳар гуна ҳамлу нақли мусофирон мамнуъ аст.
Илова бар ин муҳоҷирон дигар наметавонанд ба истеҳсоли ғизои кӯдакона, тиҷорати машруботи спиртӣ ва тамоку машғул шаванд, онҳо инчунин ҳуқуқ надоранд дар соҳаи хидматрасонии марбут ба ғизо ва дар соҳаи маориф фаъолият кунанд.
Ин амр дар Ҳавзаи мухтори Ханти-Мансийск аз оғози соли 2022 мавриди иҷро қарор мегирад.
Тибқи Қонун “Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ”, мақомоти вилоятҳо метавонанд ҳамасола ҷалби муҳоҷиронеро, ки бо патент кор мекунанд, ба баъзе намудҳои фаъолият манъ кунанд.
Чунин маҳдудиятҳо ба мутахассисони ҳирфаӣ дахл надорад.
Ёдовар мешавем, ин гуна мамнуъиятҳо дар ин минтақа чанд сол аст, ки таҷриба мешаванд. Мақомот мегӯянд, ин тадобир барои ҳифзи тавозуни қувваи корӣ ва таъмини аҳолии маҳаллӣ бо ҷои кор роҳандозӣ мешаванд.