Рухшонаи Эмомалӣ мансаби нав гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон Рухшонаи Эмомалиро сафир дар Шоҳигарии Бритониёи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ таъйин кардааст.
Sputnik
ДУШАНБЕ, 15 дек — Sputnik. Фармони таъйини Рухшонаи Эмомалӣ ба мақоми сафири Тоҷикистон дар Бритониёи Кабир ва Ирландияи Шимолиро дафтари матбуотии раисҷумҳур нашр кардааст.
Рухшонаи Эмомалӣ, духтари раисҷумҳури Тоҷикистон мебошад, ки собиқаи корӣ дар мақомоти умури хориҷии кишварро дорад. Номи ӯ қаблан дар феҳрасти мақомдорони Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон ба ҳайси ноиби сардори Раёсати созмонҳои байналмилалии ин ниҳод зикр шуда буд.
Духтари Эмомалӣ Раҳмон дар бораи дипломатияи тоҷик китоб навишт
Қабл аз кор дар ин мақом Рухшонаи Эмомалӣ дар намояндагии Тоҷикистон дар Бритониё низ кор мекард.
Ӯ дар мақоми сафир Халифазода Масъудро иваз мекунад, ки бо фармони дигар ба далели гузаштан ба кори нав аз вазифаи сафир дар Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ озод гардид.
Халифазода моҳи сентябри соли 2018 сафир дар Бритониё ва Ирландияи Шимолӣ таъйин гардида буд.