ДУШАНБЕ, 15 дек – Sputnik. Гулнигор Наҷмиддинова дар феҳрасти иштирокдорони фаъоли озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" қарор гирифтааст, ки дар қатори 40 нафар фаъоли дигар бо 5 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ гардид.
Наҷмиддинова, хонандаи мактаб аз ноҳияи Фархор мебошад, ки дар яке аз маросими пешвози раисҷумҳури Тоҷикистон ба ӯ шикоят кард, ки хунук хӯрдаанд.
Нафари дигре, ки суҳбаташ бо Эмомалӣ Раҳмон ӯро дар ҷумҳурӣ шинохта кардаасту дар феҳрасти иштирокдорони фаъоли озмун қарор гирифтааст, холаи Фотима аз ноҳияи Дарвоз мебошад. Ба иттилои Вазорати маориф, ин ду нафар дар феҳрасти иштирокдорони фаъол қарор гирифтанд.
Холаи Фотима сокини 65-солаи ноҳияи Дарвоз мебошад, ки зимни сафари ахири раисҷумҳур ба ВМКБ хоҳиши худро барои иштирок дар озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи донои китоб аст", иброз дошт ва Эмомалӣ Раҳмон ба тобеини худ ишора намуда гуфт, ки "ин модарро ҳатман ба пойтахт биёред".
Вазорати маориф дар ҷамъбасти озмуни "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст", хабар дод, ки ба 40 иштирокчии фаъоли озмуни ҷумҳуриявӣ мукофотпулӣ дар ҳаҷми панҷ ҳазор сомонӣ барои ҳар яке тақдим гардид. Таъкид шудааст, ки инчунин 21 нафар аз волидони иштирокдорони озмун бо нишони "Маърифатпарвар" қадрдонӣ гардидаанд.
Инчунин вазири маориф дастур додааст, ки ба 10 нафар иштирокчии озмун - пиронсолону ятимон, сарбозон ва камбизоатону шахсони дорои имконияташон маҳдуд ду ҳазор сомонӣ ба ҳар кадоме тақдим гардад.