ДУШАНБЕ, 15 дек — Sputnik. Овозхони тоҷик Манижа Сангин, ки Русияро дар "Евровидение 2021" намояндагӣ кард, имсол ба сегонаи маъмултарин муҳаррики ҷустуҷӯӣ дохил шуд.
Ба се чорабинии маъруф аз ҷиҳати ҷустуҷӯҳои босуръати "Google" дар соли 2021 Қаҳрамонии футболи Аврупо, Олимпиадаи Токио ва "Евровидение 2021" дохил гардиданд.
Маҳз бо охирин чорабинии мусиқӣ номи зодаи Тоҷикистон алоқаманд аст ва русҳо ба ҳунарнамоии Манижа дар ин озмуни байналмилалӣ бештар таваҷҷуҳ доштанд.
Пас аз он дар ҷустуҷӯи маъмултарин Қаҳрамонии хоккеи ҷаҳонӣ, таъсиси Рӯзи падар, низоъ дар Афғонистон ва тирпарронӣ дар Қазон будааст.
Илова бар ин "Google" инчунин видеои "Сол дар Ҷустуҷӯ" -ро бар асоси ҷустуҷӯҳои соли 2021 нашр кард.
Барои ин навор Манижа Сангин таронаи "Ҷудонашаванда" навиштааст.
Ёдовар мешавем, ки 22 майи соли 2021 65-умин озмуни "Евровидение 2021" ба поён расид, ки дар он Манижа таронаи "Зани рус"-ро иҷро кард.
Ӯ дар ин озмуни бонуфуз ҷойи 9-умро ишғол карда, ҳамагӣ 204 хол гирифт.
Намояндагони Италия ғолиби ин озмуни мусиқӣ гардиданд.