ДУШАНБЕ, 15 дек — Sputnik. Тавре сафорати Тоҷикистон дар Анқара хабар дод, форуми тиҷоратӣ дар ҳошияи сафари расмии Шералӣ Кабир, вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон ба Туркия сурат мегирад.
Манбаъ ҳамзамон иттилоъ дод, ки қарор аст, Шералӣ Кабир дар маросими “Шаби арӯс”, ёдбуди Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ иштирок намояд.
Ёдрас менамоем, ки 16 декабр дар шаҳри Қунияи Туркия бизнес-форуми Тоҷикистон ва Туркия баргузор мегардад.
Дар форуми мазкур намояндагони зиёда аз 150 ширкату корхонаи соҳаҳои гуногуни Тоҷикистон ва Туркия, аз ҷумла саноати фармасевтӣ, саноати нассоҷӣ, молию бонкдорӣ, маъдан, логистикӣ, истеҳсоли мошинаҳо, маҳсулоти озуқа, кишоварзӣ ва тиҷорат, инчунин вазорату идораҳои давлатии ҷонибҳо иштирок хоҳанд кард.
Қарор аст, дар ҳамоиши мазкур миёни тоҷирони Тоҷикистону Туркия чанд санади ҳамкорӣ ба имзо расад.