ДУШАНБЕ, 14 дек — Sputnik. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ба идораи милиса дар ноҳияи Шоҳмансур зани 75-сола муроҷиат карда, аз қаллобии марди 65-сола шикоят кардааст.
Ба иттилои манбаъ, муроҷиаткунанда арз доштааст, ки сокини 65-солаи шаҳри Душанбе бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, хонаи истиқоматиаш, воқеъ дар шаҳри Душанберо дар бонк ба маблағи нуҳ ҳазор доллари амрикоӣ ба гарав гузоштааст.
Ӯ таъкид кардааст, ки мард ваъда додааст, маблағҳоро дар муддати 1 сол бармегардонад. Мақомот мегӯянд, муттаҳам зани солхӯрдаро фиреб дода, то ҳол маблағҳоро барнагардондааст.
Мақомоти милиса инчунин шикояти марди 45-солаи сокини пойтахтро таҳқиқ мекунанд, ки ба гуфтаи ӯ, ҳанӯз моҳи августи соли 2017 марди 43-солаи сокини шаҳри Душанбе аз ӯ якчанд бор ба маблағи 38 ҳазор доллари амрикоӣ масолеҳи сохтмонӣ гирифтаст. Таъкид шудааст, ки масолеҳ барои тиҷорат гирифта шуда, муттаҳам ваъда додааст, ки пулро дар муддати кӯтоҳ бармегардонад.
ВУД илова намуд, ки соҳиби масолеҳи сохтмонӣ то ҳол на молашро гирифтааст ва на маблағро ба даст овардааст.
Мақомот мегӯянд, феълан аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот оғоз шудааст.
Барои қаллобӣ дар Тоҷикистон вобаста ба ҳаҷму ҳолатҳои фиребкорӣ ҷарима то 2 ҳазору 190 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва ё то 12 соли зиндон пешбинӣ гардидааст.