Раҳмон ба Байден аз марги одамон дар тундбод изҳори ҳамдардӣ кардааст

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бинобар фавти одамон бар асари тундбоди маргбор дар ИМА ба роҳбару мардуми ин давлат таслият гуфтааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 14 дек — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон бо ирсоли барқия ба президенти ИМА Ҷо Байден аз тундбоди маргбору харобиовар изҳори андуҳу тасаллӣ намудааст.
"Хабари сар задани тундбоди харобиовар дар якчанд иёлоти Штатҳои Муттаҳидаи Америка, ки мУҷиби ҳалокат ва ҷароҳат бардоштани даҳҳо шаҳрвандони кишвар ва хисороти бузурги моддӣ шудааст, боиси андуҳи амиқи мо гардид", - омадааст дар паёми Раҳмон ба Байден.
Фоҷеа дар Амрико ба марги беш аз 80 нафар анҷом ёфт
Эмомалӣ Раҳмон бо изҳори таъзияву таслият ба мардуми Амрико ба наздикони фавтидагон ҳамдардӣ баён кардааст. Роҳбари Тоҷикистон барои онҳое, ки дар тундбод дар ИМА осеб дидаанд, шифои комил хостааст.
Маврид ба зикр аст, ки тундбоди шадид рӯзи 11 декабр дар аёлати Кентуккии ИМА зарбаи сахт зад ва махсусан шаҳри Мэйфилд осеб дид. Теъдоди фавтидагон дар пайи ин тундбод даҳҳо нафар арзёбӣ мешавад. Қурбониёни ин офат ба гузориши расонаҳо беш аз 80 нафаранд.
Инчунин ин офат ба иёлоти Миссури, Арканзас, Иллинойс ва Теннесси хисорот оварда, президент Байден онро калонтарин офат дар таърих хондааст.