ДУШАНБЕ, 14 дек — Sputnik. Дар пайи таҳлили санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунандаи Тоҷикистон ва таҷрибаи байналмилалӣ дар ин хусус ба ҳукумат тарҳи боз ҳам кам кардани мақомоти санҷишӣ дар кишвар пешниҳод гардидааст.
Ин нукта дар ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ дар Тоҷикистон, ки таҳти раёсати ноиби сарвазир Давлаталӣ Саид баргузор шуд, таъкид гардидааст.
Ба иттилои хабаргузории "Ховар", дар сурати дастгирӣ ёфтани лоиҳаи мазкур шумораи мақомоти санҷишӣ аз 26 ба 22 адад расонида мешавад.
"Ин барои аз байн бурдани ҳолатҳои санҷиши ғайриқонунӣ ё дахолат ба фаъолияти соҳибкорону сармоягузорон ва танзими фаъолияти назоративу санҷишии мақомоти давлатӣ мусоидат менамояд", - омадааст дар иттилоия.
Ин дар ҳолест, ки то ҳол дар пайи ислоҳот теъдоди мақомоти санҷишӣ дар кишвар аз 31 то 26 адад кам гардида, шумораи санҷишҳо низ коҳиш ёфтааст.
Тибқи иттилои Шӯрои ҳамоҳангсозӣ, дар доираи нақшаи мувофиқашуда дар соли 2021 дар маҷмуъ 41,3 ҳазор санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидорӣ ба нақша гирифта шудааст.
Таъкид гардидааст, ки ин нисбат ба нишондиҳандаи соли 2020 зиёда аз 2,4 ҳазор, нисбат ба соли 2019 зиёда аз 6,7 ҳазор, нисбат ба соли 2018 тақрибан 14 ҳазор ва нисбат ба соли 2017 беш аз 30,6 ҳазор санҷиш кам мебошад.