ДУШАНБЕ, 14 дек — Sputnik. Валиюллоҳ Шоҳин, раиси Маркази мутолиоти стратегии Вазорати умури хориҷии Покистон гуфт, иқтисоди Афғонистон, низоми молӣ, низоми бонкӣ ва одисозии равобити давлати толибон бо дигар кишварҳои ҷаҳон аз масоили муҳимме аст, ки дар дастури кори ин нишаст қарор хоҳад гирифт, иттилоъ додааст хабаргузории “Парс тудэй”.
Бояд қайд кард, нишасти сарони кишварҳои исломӣ 19 декабр дар Исломобод баргузор мешавад.
Ба иттилои манбаъ, дар ин нишаст намояндагони Амрико, Русия, Британия, Иттиҳоди Аврупо ва созмонҳои башардӯст ҳузур хоҳанд дошт.
Толибон аз замони ба қудрат расидан дар Афғонистон дар 15 августи соли равон барои ба расмият шинохтанашон талош доранд. Созмони Милал чанде пеш эълом кард, ки намояндаи толибонро ба унвони намояндаи Афғонистон ба расмият намешиносад.