Дастури ҳукумат барои арзонии нархи ангишт: Дар Хатлон як кило зуғолсанг 50-70 дирам шуд

Ҳукумати Тоҷикистон дастур додааст, ки дар фасли сармо барои таъмини аҳолӣ бо ангишт ярмаркаи фурӯши он роҳандозӣ гардад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 14 дек — Sputnik. Мақомоти Хатлон мегӯянд, дар зимни ин дастур барои дастгирии қишри осебпазир ярмаркаи фурӯши ангишт дар шаҳру навоҳии вилоят роҳандозӣ гардид.
Ба иттилои дафтари матбуотии ҳукумати Хатлон, 14 декабр беш аз 1 ҳазору 300 тонна ангишт ба шаҳрҳои Бохтару Кӯлоб ва ноҳияи Данғара интиқол дода шуд.
Ҳушдори мақомдорони Хатлон: Зимистони оянда аз гузашта сардтар хоҳад шуд
Манбаъ афзуд, ки аз кони "Фон-Яғноб" 10, аз корхонаи "Зиддӣ" панҷ, аз "Ангишт" чаҳор , аз ҶСК “Ангишт Камароб” панҷ, аз “Вена” 10, аз "Тако Ресурс" 10 ва аз "Комбинати металлургии тоҷик" 10 мошин зуғолсанг ба ярмаркаи фурӯши ангишт дар шаҳру навоҳии вилоят ворид гардид.

"Нархи ангишт дар ярмаркаҳои фурӯш аз 50 то 70 дирам барои як кило муқаррар шудааст, ки аз нархи бозор зиёда як баробар арзон мебошад", - афзуд манбаъ.

Ба иттилои мақомоти Хатлон, мардум аз ин иқдом истиқбол кардаанд.
Ин чораандешӣ дар фасли сармо дар ҳолест, ки дар бисёре аз навоҳии Тоҷикистон ба гуфтаи сокинон, нерӯи барқ бо маҳдудият интиқол дода мешавад.