ДУШАНБЕ, 14 дек – Sputnik. Аскар Акаев, раисҷумҳури пешини Қирғизистон шаби 14 декабр бо писараш Илим Акаев аз Маскав ба Бишкек парвоз кард.
Гуфта мешавад, ин сиёсатмадор барои шаҳодат додан дар парвандаи марбути фасоди молӣ дар умури бузургтарин кони тилои кишвар – "Кумтор" вориди ин кишвар шудааст.
Ба гузориши Sputnik Қирғизистон, Акаев дар мувофиқа бо Кумитаи давлатии амнияти миллии ин ҷумҳурӣ барои 2-3 рӯз ба Қирғизистон парвоз кардааст.
"Акаев дар қазияи "Қумтор" шоҳидӣ медиҳад. Ин дафъа раисҷумҳури пешин қасд дорад, ба ҳама суолҳои тафтишот посух диҳад", - гуфтанд наздикони президенти собиқ.
Қобили зикр аст, ин дувумин бор дар як соли ахир аст, ки Акаев аз Қирғизистон "боздид" мекунад.
Бори аввал дар тӯли солҳои зиёд ӯ моҳи августи соли 2021 барои шаҳодат додан дар парвандаи "Қумтор" ба ва инчунин бо мақсади гузаронидани чорабиниҳои тафтишотӣ ва равшан кардани суолҳое, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ доранд, ба Бишкек рафт.
Қаблан Акаев дар робита ба бастани созишномаи генералӣ оид ба лоиҳаи "Қумтор" дар соли 1992, тағйирот ба он дар соли 1994, инчунин ҳангоми таҷдиди сохтори созишномаи генералӣ бо ширкати "Cameco" дар соли 2003 дар бораи гумонбар шудан ба коррупсия огоҳинома гирифта буд.
Мушаххас шуд, ки бозгашти собиқ раисиҷумҳур ихтиёрӣ будааст. Худи Акаев низ изҳор дошт, ки бо тафтишот ҳамкорӣ хоҳад кард. Пас аз бозпурсӣ ӯро Садир Ҷабборов ба ҳузур пазируфт.
Ёдовар мешавем, Аскар Акаев нахустин президенти Қирғизистон буд. Аммо пас аз инқилоби соли 2005 дар ин кишвар дар Русия зиндагӣ мекунад.