ДУШАНБЕ, 13 дек — Sputnik. Анатолий Алштейн, профессори Маркази Гамалея мегӯяд, ваксина ба ҳеҷ ваҷҳ генетикаро тағйир дода наметавонад.
Ӯ дар суҳбат бо радиои Sputnik гуфт, шахсе, ки алайҳи бемории коронавирус моякӯбӣ мешавад, метавонад ба таври бехатар таваллуд кунад ва итминон ҳосил кунад, ки генетика аз ваксина вобаста нест.
Ба таъкиди ӯ, баҳодиҳии баръакс танҳо аз ноогоҳӣ аст ва бинобар ин ҳар кас метавонад чизеро, ки мехоҳад, баён кунад.
"Он чизе ки ман мегӯям, илман собит шудааст. Мо дар бораи ин ваксинаҳо медонем, ки онҳо дар дохили ҳуҷайра сохта нашудаанд, генетикаи инсонро тағйир дода наметавонанд ва ба сатҳи таваллуд ҳам таъсир нахоҳанд расонд", - тавзеҳ додааст ӯ.
Ба гуфтаи ӯ, як масъалаи дигаре, ки пайваста матраҳ мешавад, сироятпазирии ваксина аст.
Ба таъкиди ӯ, бисёриҳо бовар доранд, ки шахси ваксинашуда паҳнкунандаи вирус аст. Профессор ин иддаоро низ ботил номида зикр кард, ки шахси ваксинашуда наметавонад паҳнкунандаи винрус шавад, зеро ваксина ин вирусро интиқол намедиҳад.
Ӯ мегӯяд, нафари ваксинагирифта метавонад бемори коронавирус гардад, вале эҳтимоли мариз шудани ӯ нисбати нафароне, ки тамоман ваксина нагирифтаанд, ночиз аст.