Толибҳо мегӯянд, гирифторӣ ба коронавирус дар Афғонистон коҳиш ёфт

Вазорати сиҳҳати оммаи ҳукумати нав дар Афғонистон аз коҳиши гирифторӣ ба коронавирус дар ин кишвар хабар додааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 13 дек – Sputnik. Толибҳо мегӯянд, дар 24 соати гузашта ҳамагӣ 12 мубталои коронавирус сабт шудааст, ки ду нафарашон фавтиданд.
Ҷовиди Ҳажир, намояндаи расмии Вазорати сиҳҳати оммаи толибҳо хабар додааст, ки феълан ҳамарӯза тақрибан 700 намуна аз афроди машкук ба вируси корона мавриди ташхис қарор мегиранд.
Шумори мавориди мусбати коронавирус кам буда ва қурбониёни он ҳам нисбат ба гузашта камтар шудаанд, навиштааст сомонаи "Парс тудей" аз қавли Ҳажир.
Манбаъ таъкид кардааст, ки аз 700 намунаи гирифташуда, фақат 12 мавриди мусбат сабт гардидааст.
Мавҷи сеюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Тоҷикистон бастаи нави ваксинаҳо алайҳи COVID - ро гирифт
Ба гуфтаи сухангӯи Вазорати сиҳҳати оммаи толибҳо, аз замоне ки онҳо қудратро дар Афғонистон ба даст гирифтанд, ҳудуди 55 ҳазор намуна барои озмоиш пешниҳод гардида ва аз ин ҳолат танҳо 5300 мавриди гирифторӣ ба коронавирус таъйид шудааст.
Зикр шудааст, ки то кунун 290 тан дар Афғонистон бинобар гирифторӣ ба коронавирус фавтидаанд.
Суҳбати толибҳо аз коҳиши коронавирус дар ин кишвар дар ҳолест, ки Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ аз паҳншавии навъи нави коронавируси омикрон хабар медиҳад. Ба иттилои манбаъ, навъи нав дар 63 кишвари ҷаҳон, дар тамоми шаш минтақаи фарогири ТУТ муайян шудааст.
Штамми омикрон дар охири моҳи ноябри соли 2021 дар Ботсвана ва Африқои Ҷанубӣ пайдо шудааст.