Сӣ соли узвият дар ИДМ ба Ӯзбекистон чӣ дод – видео

Ба гуфтаи Виктор Водолатский, дар 30-соли вуҷуди ИДМ нақши ҷавонон дар рушди муносибатҳои Ӯзбекистону Русия афзоиш ёфтааст
Sputnik
Барои Русия Ӯзбекистон ва кишварҳои дигари минтақа бо 30 соли узвият дар ИДМ чӣ доданд, сулоест, ки хабарнигори Sputnik бо Виктор Водолатский, узви Шӯрои равобити байни миллатҳои раёсатҷумҳурӣ, муовини аввали раиси Кумитаи Думаи давлатии Русия дар умури ИДМ, ҳамгироии авруосиёӣ ва равобит бо ҳамватанон матраҳ кардааст.
Дар ин муддат нақши Ӯзбекистон дар ИДМ чӣ гуна тағйир ёфт? Кадом барномаҳо муваффақтар анҷом шуданд?
Баъди пирӯзӣ дар интихоботи соли равон Шавкат Мирзиёев нахустин ба Русия сафар кард. Ба гуфтаи Водолатский, ин иқдом барои муносибатҳои байни кишварҳо аҳамияти зиёд дорад, зеро тибқи анъана, раисҷумҳур аввалин сафарашро ба кишваре мекунад, ки онро аз ҳама наздиктарин мешуморад.
Муҳим он аст, ки Ӯзбекистон дар Созмони Иттиҳодияи Авруосиё нозир шуд ва дар якҷоягӣ бо Русия ҳамкориҳои логистикиву даҳлезҳои фаромарзии худро рушд медиҳад. Ба гуфтаи Водолатский, Ӯзбекистон омодааст, бозорҳои Русияро бо маҳсулоти хушсифати кишоварзӣ пур кунад.