Ғизошиноси тоҷик гуфт, гирифторони коронавирус чиро бояд истеъмол кунанд

Доктори илмҳои тиб, ғизошинос Ҷаҳон Азонов тавсия дод, ки гирифторони коронавирус кадом навъи ғизоро истеъмол кунанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 13 дек — Sputnik. Профессор Ҷаҳон Азонов, ғизошиноси тоҷик барои гирифторони коронавирус истеъмоли ғизоҳои сернамак, ширин ва тамоми намуди фастфудҳоро қатъан мамнуъ арзёбӣ кард.
Ӯ дар суҳбат бо "Ховар" бархе иддаоро, ки гӯиё истеъмоли машрубот аз COVID-19 пешгирӣ мекунанд, куллан бепоя хонда, зарари онро тавзеҳ дод.
Табиб таъкид кардааст, ки истеъмоли маводи спиртӣ ба ҷигари инсон таъсири манфӣ мерасонад, зеро ҷигар манбаи асосии танзим ва ҳосилкунандаи ҳуҷайраҳои системаи масунияти бадан мебошад.

"Ғайр аз ин аз истеъмоли тамоми намуди ҳасибҳо, аз ҷумла ҳасибҳои дӯдӣ, ки аз консервантҳо ва маводи хуштамъкунанда иборатанд, бояд даст кашид", - илова намудааст Азонов.

Профессор тавсия дод, ки беморон ба истеъмоли меваю сабзавот рӯй оранду ҳатман маҳсулоти гӯштӣ, хусусан гӯшти гови бидуни чарбӯ хӯранд.
Вай фаҳмонд, ки чарбӯ холестерини зиёд дошта, ҳолати гирифторони коронавирусро вазнин мекунад.
Аллакай дар 63 кишвар: омикрон аз делта хатарноктар аст?
"Бе ин ҳам зимни беморӣ ҳолати холестерин дар беморон зиёд шуда, лахтшавии хун ба вуҷуд меояд. Аз ин рӯ набояд боз холестерини бад ба бунияи беморон ворид намуд", - изҳор дошт Азонов.
Ғизошиноси тоҷик тавсия дод, дар ин вақт бояд аз кислотаҳои чарбӯгии носер, ки манбаи асосии онҳо рӯғанҳои растаниянд, истифода кард.