Боздошти омӯзгори мактаб бо иттиҳоми фурӯши "аттестат"

Оҷонсии мубориза бо фасод як омӯзгори мактаби миёнаро боздошт кардааст, ки дар фурӯши номаи камол муттаҳам мешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 13 дек — Sputnik. Як омӯзгори мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №11-и шаҳри Бӯстони вилояти Суғд бо иттиҳоми фурӯши шаҳодатномаи хатм боздошт шудааст.
Оҷонсии зидди фасод омӯзгорро дар пайи муроҷиати шаҳрванд “А” ба дастгир кардааст.
Ба иттилои манбаъ, омӯзгор С.М барои омода кардани шаҳодатномаи хатми мактаб барои синфи 11 ҳазор доллари талаб карда, аз ин маблағ 500 долларашро гирифта, овардани боқимондаи дигарашро талаб кардааст.

"Дар натиҷа, зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ аз тарафи кормандони Агентӣ С.М. баъди аз шаҳрванд “А” гирифтани 500 доллари ИМА боздошт шуда, маблағи мазкур ҳамчун далели шайъӣ дарёфт карда гирифта шуд", - афзуд дафтари матбуотии оҷонсӣ.

Гуфта мешавад, нисбати С.М. бо моддаи 247, қисми 2, бандҳои "в", "г", Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шуда, тафтиши пешакии он идома дорад.
Дар сурати тасдиқи ин иттиҳом ба боздоштшудаҳо ҷарима ба андозаи аз 21 то 54 ҳазор сомонӣ ва ё аз ду то панҷ соли зиндон таҳдид мекунад.
Мақомдори оҷонсӣ фасодзадатрин ниҳодҳоро дар Тоҷикистон гуфт
Ёдовар мешавем, дар гузашта Оҷонсии зидди фасод соҳаи маорифро ҳамроҳ бо низоми бонкӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва тандурустии кишвар дар қатори фасодзадатаринҳо ворид карда буд.
Ба гуфтаи Шодком Турсунзода, як масъули оҷонсӣ аз ҷониби кормандони ин ниҳод давоми 10 моҳи соли ҷорӣ 1833 ҷинояти дорои хусусияти коррупсионӣ ва ҷиноятҳои ба он вобаста ба қайд гирифта шуд, ки 779 мавриди онҳоро ҷиноятҳои вазнин ташкил медиҳад.
Мавсуф мегӯяд, ҳолатҳои коррупсионӣ дар кишвар кам гаштаанд, аммо сарфи назар аз иқдомоти пешгирикунанда амалҳои коррупсионӣ ҳанӯз ҳам аз ҷониби баъзе аз шахсони мансабдори вазорату идораҳо, корхонаю муассисаҳо ва шахсони воқеию ҳуқуқӣ иҷроӣ мешаванд.