ДУШАНБЕ, 12 дек — Sputnik. Шуҳрати забони русӣ дар Тоҷикистон афзоиш меёбад. Дар ин бора муовини ректори Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон (ДДТТ), доктори илмҳои филология, профессор Хусрав Шамбезода изҳори назар кард.
Ба гуфтаи ӯ, дар ҷумҳурӣ хоҳиши таҳсил бо ин забон ё дар донишгоҳҳои Русия таҳсил кардан зиёд шудааст.
"Солҳои охир аз Тоҷикистон теъдоди донишҷӯёне, ки ба донишгоҳҳои Русия дохил мешаванд ва таҳсил мекунанд, меафзояд. Аз ин рӯ онҳо бояд забони русиро донанд", - гуфт профессор.
Ӯ дар сухбат бо мухбири ТАСС таъкид кард, забони русӣ яке аз забонҳои ҷаҳонист, ки Русия ва Тоҷикистонро мепайвандад.
Шамбезода хотиррасон намуд, ки Маскав ва Душанбе дар соҳаи маориф лоиҳаҳои зиёдеро роҳандозӣ намудаанд.
Дар ҳамин ҳол сармутахассиси Раёсати таҳсилоти умумии Вазорати маориф ва илми кишвар Муҳаммад Бобомуродов изҳор дошт, ки дар Тоҷикистон ба забони русӣ дар сатҳи давлатӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир мешавад. Ба гуфтаи ӯ, сатҳи дониши забони русӣ дар миёни ҷавонони тоҷик поин рафтааст. Мутахассис сабаби инро ба кам истифода шудани забони русӣ дар амал рабт дод.
Ёдовар мешавем, ки Русия дар чанд шаҳру навоҳии Тоҷикистон мактабҳои русӣ месозад ва аз соли оянда ин макотиб ба фаъолият шуруъ мекунанд.