Оҷонсии Оқохон барои осебдидагони офати табиӣ дар Тоҷикистон паногоҳ бунёд кард

Бо дастгирии Оҷонсии муҳити зисти Оқохон дар деҳаи Калтаҳои шаҳри Роғун барои осебдидагон аз офатҳои табиӣ паногоҳ бунёд шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 12 дек — Sputnik. Дар деҳаи Калтаҳои шаҳри Роғун барои осебдидагони офатҳои табиӣ сарпаноҳ бунёд гардид. Дар ин бора котиботи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, дар маросими ифтитоҳи паногоҳ сардори идораи наҷоти кишвар ва сарвари бахши Оҷонсии муҳити зисти Оқохон Ҳодӣ Ҳусайнӣ иштирок намуданд.
Бунёди сарпаноҳ бо ташаббуси КҲФ, бо дастгирии Оҷонсии Оқохон ва дафтари ҳамкории Швейтсария дар Тоҷикистон сурат гирифт.
Мақомоти Кӯлоб гуфт, бартараф сохтани оқибатҳои офати табиӣ чӣ корҳоро анҷом додааст
Манбаъ меафзояд, раиси КҲФ ба намояндагони оҷонс изҳори миннатдорӣ намуд.
Зикр гардид, ки ба мисли ин паногоҳ боз бунёд гардидани чор сарпаноҳи дигар дар назар аст.
"Ин паноҳгоҳ ҳамчун маъво барои зарардидагону осебёфтагони офатҳои табиии эҳтимолӣ хидмат хоҳад кард ва он хатари хисорати бештар ва зарар ба ҷони инсонҳоро коҳиш медиҳад", - омадааст дар хабарномаи КҲФ.
Сарпаноҳи бунёдгардида аз як хона иборат аст, ки тамоми шароити рӯзғорро дарбар дорад. Дар ин хона муваққатан ҷо додани 50 нафар зарардидагони офати табиӣ имконпазир аст.