ДУШАНБЕ, 12 дек — Sputnik. Русия метавонад ба истиқрори сулҳу субот дар Афғонистон кумак кунад, менависад ТАСС аз қавли сафири Покистон дар Кобул Мансур Аҳмад Хон.
"Русия, бешубҳа, кишвари муҳиме барои сулҳ, субот ва рушд дар Афғонистон аст ва солҳои тӯлонӣ дар раванди сулҳ ширкат мекунад", - таъкид кард сафир
Ба гуфтаи вай, Федератсияи Русия ва Покистон дар Афғонистон ҳадафҳои муштарак доранд: мубориза бо терроризми ҷаҳонӣ ва тавлиди маводи мухаддир.
Дипломат ҳамчунин гуфт, Русия ба нишасти сарони Созмони Ҳамкории Исломӣ, ки 19 декабр дар Лоҳур баргузор мешавад, даъват шудааст. Вай зикр кард, ки анҷумани дарпешистода ба буҳрони башардӯстона дар Афғонистон ва ҷустуҷӯи роҳҳои раҳоӣ аз он бахшида мешавад.
Интизор меравад, дар ин нишаст ҳамчунин масоили раҳо кардани дороиҳои молии Афғонистон аз бонкҳои ғарбӣ ва таъсиси ҳукумати фарогир аз сӯйи толибон баррасӣ шавад.