Тавлиди маводи мухаддир дар Афғонистон афзудааст: толибон мегӯянд, маҳдудият ҷорӣ карданд

Ба гуфтаи тавлидкунандагони маводи мухаддир дар Афғонистон, пас аз сари қудрат омадани толибон онҳо ба тавлиди маводи мухаддир озодона идома медиҳанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 12 дек — Sputnik. Истеҳсоли маводи мухаддир дар Афғонистон афзуааст. Дар ҳоли ҳозир дар 500 корхонаи муваққатӣ дар ҷанубу ғарби Афғонистон ҳамарӯза ҳудуди 3000 кило шиша тавлид мешавад, хабар медиҳад Sputnik Афғонистон.
Як тоҷири бузурги маводи мухаддир дар вилояти Ҳилманди Афғонистон мегӯяд, ки онҳо пас аз сари қудрат омадани толибон дар ин кишвар озод шудаанд.
Аммо бино ба гузоришҳо, ҳукумати таҳти раҳбарии толибон пас аз ба даст овардани назорат дар бозори бузурги афюн дар Ҳилманд маҳдудиятҳои шадид ҷорӣ кардааст.
Ҳушдори Кремл дар бораи густариши терроризм ва интиқоли маводи мухаддир аз Афғонистон
Бархе аз қочоқчиёни маводи мухаддир мегӯянд, ки агар толибон бихоҳанд, парвариш ва тавлиди ин маводи мухаддирро мамнуъ мекунанд, аммо маводи мухаддир як роҳи ба даст овардани пул аст ва дар сурати кумаки ҷомеаи ҷаҳонӣ ба Афғонистон толибон парвариши онҳоро манъ мекунанд.
Қобили зикр аст, ки арзиши як кило ҳероини афғонӣ барои содирот ҳазору 190 доллар арзёбӣ мешавад, аммо вақте ин маҳсулот, масалан, ба кишварҳое чун Бритониё мерасад, як килои он 66 ҳазор доллар фурӯхта мешавад.
Тибқи омор, афюни Афғонистон 80%-и афюни ҷаҳонро ташкил медиҳад ва ҳоло ҳам афзоиш меёбад.