ДУШАНБЕ, 12 дек — Sputnik. Касри буҷаи Тоҷикистон барои соли 2022 ба андозаи 0,6 фоизи маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ё ба маблағи 623,9 миллион сомонӣ муқаррар шудааст, омадааст дар Қонуни буҷа барои соли оянда. Дар ҳоле ки хароҷоти буҷа 33 миллиарду 626,7 миллион сомонӣ дар назар аст, ки даромади буҷа 33 миллиарду 2,8 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Ба асоси Қонуни буҷаи соли 2022, ки ахиран аз ҷониби парлумону президент тасвиб шуд, манобеи пӯшондани касри буҷа дар соли оянда нишон дода шудаанд.
Аз ҷумла дар нақша аст, ки аз ҳисоби хусусигардонӣ ва иҷораи моликияти ҷумҳуриявӣ ба буҷа 32 миллион сомонӣ ворид гардад.
Даромад аз ҳисоби фоидаи софи ҳиссаи давлат дар ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуд ва суди саҳмияҳои давлатӣ дар ҷамъиятҳои саҳомӣ ҳудуди 90 миллион сомонӣ дар нақша аст.
Инчунин дар назар аст, ки барои пӯшондани касри буҷа дар соли оянда аз ҳисоби фурӯши векселҳо 100 миллион сомонӣ, аз ҳисоби маблағҳои озоди буҷети ҷумҳуриявӣ ба ҳолати 1 январи соли 2022 100 миллион сомонӣ, аз ҳисоби маблағҳои қарзии созмонҳои байналмилалии молӣ 245,7 миллион сомонӣ равона гардад.
Дар баробари ин мақомоти давлатӣ ният доранд, ки дар озмунҳои хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ 40 миллион сомониро сарфа намоянду аз ҳисоби иҷрои барзиёди нақшаи даромади буҷетҳои маҳаллӣ 16 миллион сомониро барои пӯшондани касри буҷа равона намоянд.