ДУШАНБЕ, 11 дек — Sputnik. Дастаи мунтахаби таэквондочиёни Тоҷикистон дар яке аз мусобиқоти муҳими имсола – Чемпионати ҷаҳон-2021 ширкат хоҳад кард, хабар дод раиси Федератсияи миллии таэквондо ITF ва кикбоксинги ҷумҳурӣ, сармураббии тими миллӣ Мирсаид Яҳёев ба Sputnik Тоҷикистон.
Мусобиқа дар Минск байни дастаҳои мунтахаби наврасони ҷаҳон рӯзҳои 12-18 декабр баргузор мешаванд.
"Даста ба қаҳрамонии ҷаҳон омодагӣ дидааст. Ба ҳайати мунтахаби кишвар муборизони тавоно ва боистеъдоди кишвар вориданд. Аксари онҳо ғолибу ҷоизадорони мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ мебошанд", - гуфт Мирсаид Яҳёев.
Ба гуфтаи ӯ, Ситоди мураббиёни мунтахаби кишвар ба гирифтани медал дар чемпионати ҷаҳон умед дорад.
"Ин мусобиқа барои наврасон бонуфузтарин аст, зеро барои ширкат дар он аз тамоми ҷаҳон гирди ҳам меоянд. Аммо мо, тими миллии Тоҷикистон заиф нестем. Мо ҳамеша аз чунин мусобиқаҳои бонуфуз бо медал бармегардем. Умедворем, ки ин дафъа низ мо натиҷаҳои хуб хоҳем дошт”, - қайд кард мураббӣ.
Ёдовар мешавем, ки дар авоили мавсими имсола дар пойтахти Ӯзбекистон мусобиқаи байналмилалии кикбоксинг WAKO бо ширкати беш аз 1100 варзишгар аз 16 кишвар баргузор шуда буд.
Ҳайати дастаи Тоҷикистон, ки варзишгарон, мураббиён, доварон ва мухлисонро дар бар мегирифт, аз 51 нафар иборат буд.
Ширкати варзишкорони тоҷик дар ин сабқат бо 41 медал ҷамъбаст шуд. Аз ин шумора 19-то тило, 13-то нуқра ва нуҳтои дигар медали биринҷӣ буд.