ДУШАНБЕ, 11 дек — Sputnik. Муштзани шинохтаи тоҷик Миҷгона Самадова дар мусобиқаи байналмилалии Ҷоми ҷаҳон миёни кишварҳои истеҳсолкунандаи нафт сазовори медали тило шуд.
Самадова барои расидан ба зинаи аввал имрӯз, 11 декабр бо варзишкори муғул Мунгунсаран Балсан вориди майдон шуда, дар ниҳоят пирӯз ва медали тилоро ба даст овард.
То расидан ба медали тило Миҷгона Самадова чор ҳарифашро шикаст дод.
Самадова дар даври аввали Ҷоми муштзании ҷаҳонӣ бар варзишгари муғул Мишидма Эрденеделай пирӯз шуд ва дар марҳилаи баъдӣ ҳарифаш Моника Серафини лаҳистониро низ шикаст дод.
Дар бахши ниманиҳоӣ бошад, Миҷгона бар варзишгари рус Малика Шаҳидова дастболо шуда ва дар марҳилаи финалӣ низ варзишкор аз Муғулистон Мунгунсаран Балсанро шикаст дод.
Мусобиқа аз рӯи 13 категорияи вазнӣ миёни мардҳо ва 6 категорияи вазнӣ миёни бонувон барпо шуда, дар он 139 варзишгар (105 мард, 34 зан) аз 16 давлат ширкат кард.
Дар ин мусобиқа ҳамзамон варзишгарони дигари кишвар, аз қабили Акбаралӣ Абдураҳмонзода, Абдураҳмон Ёқубов, Шамшер Саидов, Наврӯз Ҷафоев, Сулаймон Нидоёров ва миёни занҳо Шоира Зулқайнарова ширкаст доштанд, ки мутаассифона, дар марҳилаҳои аввал ноком шуданд.
Ёдовар мешавем, дар Русия ҷоми 18-уми муштзании ҷаҳонӣ миёни бонувону мардон то 12 декабр идома меёбад.
Ин мусобиқа дар Русия миёни занону мардони аз 19 то 40-сола ба хотири Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ Фармон Салмонов баргузор мегардад.