Поммершайм оромгоҳи Рӯдакиро зиёрат кард ва аз эҷодиёташ шеър хонд - видео

Ҷон Поммершайм ба шаҳри Панҷакент сафар кард ва ба лоиҳаи барқарорсозии шаҳраки қадимӣ оғоз бахшид
Sputnik
ДУШАНБЕ, 11 дек — Sputnik. Сафири ИМА дар Тоҷикистон Ҷон Поммершайм ба шаҳри Панҷакент сафар, оромгоҳи асосгузори адабиёти классикии тоҷику форс Абуабдуллоҳ Рӯдакиро зиёрат кард ва бар лоиҳаи барқарорсозии шаҳраки қадимӣ ҳусни оғоз бахшид.
Дар ин бора дар саҳифаи сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон дар "Instagram" хабар дода мешавад.
Ҳамчунин аз ин сафари сафир наворе нашр шудааст, ки дар он Ҷон Поммершайм ба забони тоҷикӣ суҳбат ва ду порчае аз эҷодиёти Абуабдуллоҳи Рӯдаиро қироат мекунад:
"Ҳеҷ ганҷе беҳтар аз фарҳанг нест
То тавонӣ рӯй бар ин ганҷ неҳ".
Дар ин росто сафир хабар дод, ки ба шаҳри Панҷакент барои оғоз бахшидан ба лоиҳаи барқарорсозии шаҳраки қадимӣ омадааст.
Мақомдори амрикоиро зебоиҳои Бадахшон ба ваҷд овард: боз меоям - видео
Ин бори аввал нест, ки мақомдорони амрикоӣ бо забони тоҷикӣ аз эҷодиёти шоирони классики тоҷик шеър қироат мекунанд.
Ахиран, сухангӯи сафорати ИМА дар Тоҷикистон аз манзараҳои зебои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон боздид кард ва шеъри Носири Хусравро бо забони тоҷикӣ қироат намуд.
Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аз чунин иқдоми мақомдорони амрикоӣ хуш истиқбол мекунанд ва онро нишони эътирофи фарҳанги бойи тоҷикон аз ҷониби амрикоиҳо медонанд.