Агентӣ аз истеҳсоли зиёди гӯшт дар Тоҷикистон гуфту сокинон аз болоравии нарх

Агентии омори назди президент аз афзоиши истеҳсоли гӯшт гузориш дод, аммо сокинон аз болоравии қимати он гуфтанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 10 дек — Sputnik. Саршумори гов нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,4 фоиз зиёд гардидааст, хабар медиҳад "Авеста" дар истинод ба Агентии омори назди расиҷумҳури Тоҷикистон.
Бинобар иттилои тозаи агентӣ, аз моҳи январ то ноябри соли равон дар ҳамаи категорияҳои хоҷагиҳо саршумори чорвои гов 2,4 миллион сарро ташкиш додааст, ки 35,6 ҳазор нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд мебошад.
Ҳамзамон ин ниҳод аз афзоиши истеҳсоли гӯшт низ хабар додааст. Аз ҷумла, ҳаҷми истеҳсоли гӯшти гов ва бузугу гӯсфанд дар даҳ моҳи соли ҷорӣ бо афзоиши 5,6-дарсадӣ аз 180,5 ҳазор тонна гузаштааст.
Илова бар ин дар кишвар аз аввали соли ҷорӣ истеҳсоли гушти мурғ бештар аз 1,5 баробар афзуд.
Бунёди 116 корхонаи парандапарварӣ дар давоми се сол дар Тоҷикистон
Бино ба иттилои Вазорати кишоварзии кишвар, дар моҳҳои январ-октябри соли ҷорӣ дар кишвар беш аз 34,7 ҳазор тонна гӯшти мурғ истеҳсол шудааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,5 баробар зиёд аст.
Дар ҳоле афзоиши истеҳсоли гӯшт гуфта мешавад, ки нархи он гарон шудааст.
Икром Ҷобиров, як сокини шаҳри Истаравшан дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, қимати ин маҳсулот дар тирамоҳ беш аз 10 сомонӣ гарон шуд.

"Ҳоло як кило гӯшти гов дар бозорҳои кишвар то 67 сомонӣ ва аз гӯсфанд бошад, ба 75 сомонӣ расидааст, ки бо назардошти маош барои ҳар оила дастрас нест. Қаблан гӯшти гову гӯсфанд 55-65 сомонӣ буд", - афзуд манбаъ.

Ба гуфтаи ҳамсуҳбати Sputnik Тоҷикистон, иллати болоравии нархи гӯштро аксари фурӯшандаҳо ба болоравии қимати хӯроки чорво, ки дар пайи хушксолӣ гарон шуд, рабт додаанд.
Зеро маоши миёнаи моҳона дар Тоҷикистон 1541 сомонӣ ($136) буда, маоши ҳадди ақал бошад, ба 400 сомонӣ (35 доллар) баробар аст.