Лоиқ Раҷабов ба лигаи Ҳабиб Нурмуҳаммадов роҳ ёфт

Лигаи EFC размкори шинохтаи тоҷик Лоиқ Раҷабовро ба сафаш пазируфт, ки дар назар аст, нахустин рақобаташро моҳи январи соли 2022 барпо кунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 10 дек — Sputnik. Размкори маъруфи тоҷик Лоиқ Раҷабов дар мусобиқаи "Eagle" FC дар Иёлоти Муттаҳида баромад хоҳад кард, гуфт раиси EFC Шамил Завуров дар нишасти матбуотии лига.
Лига, ки онро Ҳабиб Нурмуҳаммадов раҳбарӣ мекунад, моҳи январи соли 2022 дар Майами мусобиқа баргузор хоҳад кард.
Мавриди зикр аст, ки Нурмуҳаммадов ва ташкилоти ӯ дар Амрико ба гомҳои бузург шуруъ мекунанд ва ширкати шаҳрванди Тоҷикистон Раҷабовро ба сафи худ мепазирад.
Маълум аст, ки ҳоло варзишкори тоҷик вобастаи ҳич як бошгоҳи размӣ буда, омодаи имзои шартномаи барояш судманд аст.
Раҷабов дар бораи шикасташ дар финали PFL ва гузаштан ба UFC
Қаблан Нурмуҳаммадов гуфта буд, ки барпо кардани мусобиқоти наву бузург дар ИМА ҳарчанд гарон аст, аммо барои роҳёбӣ ба бозорҳои ҷаҳонӣ ва ба муаррифии бошгоҳу варзишкоронаш мусоидат хоҳад кард.
Лоиқ Раҷабов ахиран, 28 октябр дар Гран-при "Professional fight league" (PFL)-2021 барои як миллион доллар мубориза бурда, аз ҳарифи бразилиягиаш Рауш Манфио шикаст хӯрд
Ӯ ба лигаи касбии муҳорибаҳои омехта PFL соли 2019 ворид шуда, дар он ҳашт рақобат гузаронда, се ғалаба, чаҳор бохт ва як мусовӣ дошт.
Лоиқ Раҷабов боз дар мубориза барои $1 млн доллар мағлуб шуд
Сарусадоҳои пайвастани ӯ ба ММА дар Русия дар ҳолест, ки пас аз охирин бохт Раҷабов изҳор дошт, дигар дар PFL сабқат намекунад, зеро ҷадвали онҳо бо рақобатҳои зуд-зуд барои бадан таъсири манфӣ мерасонад
Вай таъкид намуд, UFC низ ба ӯ таваҷҷуҳ кардааст ва агар созмонҳои дигари размҳои омехта низ созишномаи хуб пешниҳод намоянд, ба онҳо пайваст хоҳад шуд.
Раҷабов 31 сол дошта, бо лақаби "Jaguar Paw” машҳур аст ва дар корномаи варзишияш 20 рақобати касбӣ, 15 ғалаба, чаҳор бохт ва як мусовӣ дорад.